Коршинос: Вазъи иҷтимоии аҳолӣ боиси нигаронист
Алехандро Хара, муовини мудири кулли СУС зимни мулоқоташ бо Салоҳиддин Насриддинов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева гуфтааст, рӯзи 2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мегардад.
Дар ҳамин ҳол, Таваралӣ Ғаниев , доктори улуми иқтисод бар ин назар аст, ки ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумичаҳонии савдо дар кадом соҳае набошад, хоҳ дар бахши иқтисод, фарҳанг сиёсат, ё худ соҳаи иҷтимоъӣ, бурди Тоҷикистон мебошад. Нархи молу маҳсулот дар холати вуруд ба СУС баланд мешавад, чунки вақте ки талаботҳо ва стандартҳо зиёд мешавад, арзишҳо низ хоҳ нохоҳ боло меравад.
Ба гуфтаи доктор, дигар молҳои бесифат ва арзони истеҳсоли хитоӣ, ки дар бозорҳои Тоҷикистон аст, ворид карда намешавад ва ҳаққи интихоби мардуми мо низ боло меравад: “Мо медонем, ки 90% дарсади мардуми кишвар тайи 10 - 15 соли охир бо сабаби арзон будан ва бисёр ворид шудани молҳои пастифати хитоӣ, барои ниёзи худ аз онҳо истифода мекунанд. Аммо ин либос ва молҳои дигар ба ҷои 2 ё 3 сол ҳамагӣ 1 моҳ истифода мешаванд ва он зуд аз кор мебарояд”.[