Леон Панета рад мекунад
Амрико хабарҳо дар мавриди ба куллӣ тарк намудани сарбозонаш баъд аз соли 2014 хоки Афғонистонро рад намуда, гуфт, шумораи каме аз онҳоро дар ин кишвар боқӣ хоҳад гузошт.
Тавре хабаргузории «Рajhwok» гузориш медиҳад, ин нуктаҳоро Леон Панетта, вазири дифои ИМА зимни мусоҳибаи худ бо телевизиони «CNN» иброз намуд.Номбурда афзуд, ки ҳанӯз дар ин бора миёни мақомоти амрикоӣ баҳс идома дошта, то ҳол дар мавриди шумораи дақиқи сарбозоне, ки дар сарзамини Афғонистон боқӣ хоҳанд монд,тасмиме гирифта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки мушовири амниятии ИМА дар сафари ахири Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон ба Вашингтон гуфт, шояд пас аз соли 2014 ҳеч як сарбози амрикоӣ дар ин кишвар боқӣ намонад.