Эътирози тоҷирони бозори "Сомон"
Масъулони бозори "Сомон", дар канори шаҳри Хуҷанд, ба тоҷирони норозии ин бозор ваъда карданд, ки мушкили онҳоро рӯзҳои наздик ҳал хоҳанд кард. Ин ваъдаи масъулон пас аз коршикании ҳудудан 1000 тоҷири бозори "Сомон" аз болоравии андоз дода шуд. Субҳи душанбеи чоруми феврал даҳҳо тоҷири бозори "Сомон" дари фурӯшгоҳҳояшонро баста, даст ба эътироз зада гуфтанд, ки болоравии андоз қомати бе ин ҳам хами онҳоро хоҳад шикаст. Хабарнигори маҳаллии "Озодагон" баъзе аз лаҳзаҳои эътирози тоҷиронро наворбардорӣ кардааст.