Ғалабаи як навраси тоҷик дар озмуни байналмилалӣ дар Истамбул
Хонандаи синфи шашуми литсейи тоҷикӣ- туркии шаҳри Хучанд бо нишони тилло ба ватан бармегардад.
Тавре ба "Озодагон" аз вазорати фарҳанг хабар доданд, Шоҳрух Юнусов дар фестивал- озмуни «Сурудҳои туркӣ» ширкат варзида, ғолиби озмун гардид. Дар ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ хонандагон аз 130 давлат иштирок намуданд. Даври аввали фестивал -озмун дар шаҳри Анқара аз 15 то 16 июн баргузор гардида, марҳилаи дуюм ва ниҳоии он шаби гузашта дар Истамбули Туркия сурат пазируфт. Маврид ба ёдоварист, дар даври ниҳоӣ аз ҷумлаи ҳамаи иштирокчиён танҳо 12 нафар ҳуқуқи ширкатро пайдо карданду бас, ки намояндаи Тоҷикистон яке аз онҳо буд.