Ҳамзамон, райисҷумҳури Озарбойҷон як бори дигар омодагии хешро ҷиҳати рушди муносибатҳои судманд бо кишвари бародар қайд намуд. Дар рафти мулоқот татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба шаҳри Боку ба имзо расида буд, мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва саноат, хусусан дар самти транзити байналмилалӣ тавассути роҳҳои обӣ ва оҳани Озарбойҷон ва истихроҷу коркарди нафту газ рушди бесобиқа пайдо мекунад.
Ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз ҷумла, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва барқарор намудани хатсайри Душанбе-Боку мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд.