Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мегардад. Дар моҳи март
Алехандро Хара, муовини мудири кулли СУС гуфта аст, рӯзи 2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мегардад.
Тавре аз ВКХ ба Озодагон хабар доданд, Алехандро Хара зимни мулоқоташ бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Сафир Салоҳиддин Насриддинов гуфтааст, бо тасдиқи протоклолҳои зирабт ва ба имзо расидани баъзе ҳуҷҷатҳо, рӯзи 2-юми марти соли ҷорӣ раванди ворид шудани Тоҷикистон ба ин созмони ҷаҳонӣ ба ҳайси як узви комилҳуқуқ ба анҷом хоҳад расид.
Манбаъ афзуд, ки зимни вохӯрӣ тасдиқномаи Протокол оид ба дохилшавии Тоҷикистон ба Созишномаи Марокаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба Котиботи СУС расман супорида шуд. Баъдан Сафир миннатдории Президенти Тоҷикистонро ба роҳбарияти СУС иброз намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон аз оғози узвият дар Созмони мазкур ӯҳдадориҳои худро саривақт ба иҷро расонида, дар фаъолияти СУС фаъолона иштирок хоҳад кард.