Исроил Масҷидулақсоро хароб мекунад?
Вазорати умури хориҷаи Исроил филмеро ба навор гирифта, ки дар он Масҷидулақсо ба замин фурӯ рафта, ҷойи он бинои дигаре бунёд мешавад.
Тавре дар ин бора расонаи хабарии “ал-Арабия” такя ба навиштаи рӯзномаи исроилии “Yediot Ahronot” иттилоъ медиҳад, Дани Аялон, муовини вазири умури хориҷиаи Исроил, яке аз нақшофарандагони филми мазкур ба шумор рафта, ӯ бештар дар бораи яҳудиён ва иртиботи онҳо бо Байтулмуқддас сухан меронад.
Бар асоси ин гузориш, таҳияи ин филм дар ростои талошҳои Исроил барои бартарии чеҳрааш дар ҷаҳон ба навор гирифта шуда, бахотири тарс аз вокунишҳои фаластинён ва ҷаҳони Ислом то кунун пахш нушдааст.
Раиси Шӯрои олии исломии шаҳри Байтулмуқаддас шайх Акрама Сабрӣ мегӯяд, ин филм аз нақшаҳои ишғолгарӣ ва ҳадафҳои душманонаи яҳудиён алайҳи Масҷидулақсо хабар медиҳад.