Манбаъ афзуд, ки директори минтақавии барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии ИМА ҷаноби Ҷонн Повелонет, ки дар ин маросим ҳузур дошт, изҳори умед намуд, ки таҷҳизоти техникии ироашуда аз ҷониби Агентӣ ҳадафнок истифода мешавад ва барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти воҳидҳои оперативӣ ва шӯъбаҳои нав мусоидат мекунад.
Маврид ба таъкид аст, ки техникаи супурдашуда дар навбати аввал барои воҳидҳои нави Агентӣ ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷиргатол, ки қарор аст соли 2013 сохта шаванд, истифода хоҳад шуд.