СММ аз Фаластин ҷонибдорӣ мекунад?
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, Исроил бо иқдомҳои худ ҳуқуқи фаластиниёнро поймол намуда истодааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, СММ дирӯз 31-уми январ бо интишори гузорише шаҳраксозии режими саҳйюнистӣ дар заминҳои ишғолиро таҷовуз ба ҳуқуқи фаластиниён унвон намуда, гуфта, ки ҳадафи мақомоти исроилӣ аз ин иқдомҳо рондани мардуми Фаластин аз сарзамини хеш мебошад.
Инчунин дар ин гузориш омада, ки шаҳраксозии Исроил боиси бехонумон гардидани ҳазорҳо шаҳрванди Фаластин гардида, аз байн рафтани маҳсулоти кишоварзии мегардад ва ба густариши фақру камбизоатӣ дар миёни ин мардум кӯмак хоҳад кард.