Мулоқоти Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Туркманистон, ки таҳти роҳбарии муовини вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии ин кишвар Айной Қурбонова ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, зимни мулоқот густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, ташкили бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаҳои афзалиятнок ва ғайра аз масъалаҳое буданд, ки ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ибрози назар намуданд.