Бозрасии давлатии автомобилӣ аз паи пиёдагардон шуд
Аз 1 то 10 –уми феврали соли 2013 бо мақсади бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар Раёсати бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти пиёдагардро мегузаронад.
Дар ин бора Маҳмадшариф Шамсов, масъули маркази матбуоти РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод.
Раёсати бозрасии автомобилӣ аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзанд.
Шаҳрвандони азиз, талаботи қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намоед ва ҳаёт худу дигаронро зери хатар нагузоред.