103 нафар аз сохторҳои зердасти хешовандонашон берун карда шуданд
Дар пайи амалиёти кормандони агентии корупсия оиди дастур дар хусуси хизмати якҷояи хешовандони наздик дар натиҷаи баррасии ин санадҳои эътиноӣ 1589 нафар шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд, ки аз он ҷумла 103 нафари онҳо аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.
Тавре ба Озодагон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар доданд, агентӣ дар самти пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари коррупсионӣ, дар давраи ҳисоботӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор оид ба бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда 909 пешниҳод фиристодаааст. Ба шахсони мансабдор 2807 дастури хаттӣ, аз ҷумла 24 дастур дар хусуси хизмати якҷояи хешовандони наздик, дода шуда аст.