Дар пайи амалиёти кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҳудуди 2 кило маводи мухадир мусодира карда шуд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, ки зимни амалиёти мазкур Комил Азизов 33 сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз ӯ 2 адад бастаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 1 килою 946 грамм маводи нашъаовари сахттаъсири ҳероин буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.