Тоҷикстандарт: Картошкаҳои зирбондашуда мусодира гардиданд
Агентии Тоҷикстандарт дар шимоли кишвар санҷишу рейдҳо доир кардааст.
Масъулини ин ниҳод дар вилояти Суғд, зимни як амалиёти тафтишотӣ аз мағозаи № 190 мавсум ба «Нури Хуҷанд», ки ба соҳибкор Алишер Рустамов тааллуқ дорад, миқдори зиёди картошкаҳои зирбондашударо (картофельние чипси), ки бе сертификати мутобиқат ва бе борхат ба фурӯш мегузоштааст, ошкор намуданд.
Ба иттиллои маркази матбуотии ин агентӣ, маҳсулоти ошкор гардида аз намуди зоҳирӣ, тарзи печонидан ва дигар нишондиҳандаҳо шубҳанок буда, зимни санҷиш аз ҷониби фурӯшанда ягон санад пешниҳод карда нашуд. Аснои таҳлил муайян гардид, ки соҳибкори инфиродӣ Бону Ниёзматова маҳсулоти картошкаи зирбондашударо дар шароити хона, дар дег тайёр намуда, ба фурӯш мебаровардааст. Ин тоҷир ҳамчунин нишонии молро ғайриқонунӣ аз худ карда, дар ҷумҳурии мардумии Чин омода мекардааст ва бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда онро ба фурӯш мебаровардааст.