Маскав аз амалкарди Тел-Авив нигарон аст
Русия мегӯяд, Исроил ошкоро оинномаи Созмони Милали Муттаҳидро нақз кардааст, ки ин комилан қобили бахшиш намебошад.
Бино ба гузориши хабаргузориҳои хориҷӣ, Вазорати умури хориҷаи Русия, имрӯз 31-уми январ, бо интишори баёнияе эълон намуда, ки Маскав хабарҳо дар мавриди ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Сурияро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, дар сурати ҳақиқат доштани он Исроил нақзкунадаи Маншури СММ дониста шуда, ин амали он ғайри қобили бахшиш унвон мешавад.
Дар ин баёния омадааст, ки мақомоти рус аз шунидани хабарҳо дар мавриди ҳамлаи Исроил ба муассисаҳои воқеъ дар наздикии Димишқ, пойтахти Сурия ба шиддат нигарон мебошанд. Инчунин дар изҳорот омадааст, ки Маскав бори дигар бо исрор хостори таваққуфи хушунатҳо дар Сурия буда, оғози гуфтугӯи миллӣ бар асоси тавоқуфоти Женеваро талаб дорад ва ҳар навъи дахолати хориҷӣ дар нооромиҳои дохилии ин кишварро ғайри қобили қабул медонад.