Кӯлоб: Дар Ҳамадонӣ 12 нафар бар асари бемории сил фавтид
Ноҳияи Ҳамадонӣ яке аз навоҳие дар ҷумҳурӣ мебошад, ки гирифторони маризи сил зиёд ба қайд гирифта мешавад.
Тибқи иттилои Асрор Исупов, менеҷери сохтори санитарӣ-госпиталӣ, соли 2012 дар ин ҷо 137 нафар аз маризони сил барои нахустин бор гирифтори ин беморӣ гаштан, расман ба қайд гирифта шудаанд.
Манбаъ афзуд, 65 бемори дигар, ки шакли мутобиқи сил, шакли ниҳоят вазнин ва ихроҷкунандаи «чубчаи Кох» мебошанд, дар ҳоли ҳозир бо сабабҳои номаълум, дар хонаҳояшон табобат мегиранд.
Тибқи хабари расмӣ, аз шумораи силзадагон, соли гузашта 12 нафар ба ҳалокат расидаанд.