Анҷумани тоҷирони Покистон бо Тоҷикистон ҳамкориашро тақвият медиҳад
Дар Тоҷикистон Анҷумани соҳибкорони Покистон таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар ин бора зимни мулоқоти сафири ҷумҳурии мо дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо ҳайати тоҷирони покистонӣ таҳти сарварии Найим Раҳмон, райиси Ассосатсияи соҳибкорони Покистон дар ҶТ иброз гардид.
Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа зимни нишасти мазкур ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар ва фаъолияти соҳибкорони покистонӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Найим Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои хуби истеҳсолӣ ва ашёи хоми арзон аст, ки ин омилҳо барои фаъолияти соҳибкорони покистонӣ ниҳоят мувофиқ мебошанд. Дар навбати худ сафир Зубайдов гуфт, баъди баргузории бизнес форуми соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар густариш ёфта, фаъолияти соҳибкорону тоҷирон такони тоза касб кард. Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони покистоние, ки имкониятҳои воқеӣ доранд ва мақсадашон дар Тоҷикистон бунёд намудани корхонаҳо, сармоягузорӣ ё ворид намудани молу маҳсулот аст, ҳаматарафа мусоидат мекунад. {jathumbnail off}