Генерали мисрӣ аз хатар ҳушдор медиҳад
Вазири дифои Миср ҳушдор аз он дода, ки даргириҳои дохилии ахири ин кишвар мунҷар ба сарнагун шудани давлати Қоҳира хоҳад гашт.
Бино ба гузориши расонаи хабарии “ал-Арабия”, генерал Абулфаттоҳ Ассинсӣ, вазири дифои Миср бо ишора ба нооромиҳои манотиқи шарқии кишвараш афзудааст:
“Неруҳои артиш барои муҳофизати шаҳрҳое, ки дар канори канали Суетс қарор доранд, дар ин манотиқ мустақар шудаанд”. Номбурда таъкид бар он намуда, ки ба ҳеч кас иҷоза намедиҳад, то амнияти канали Суетсро барҳам бизанад.
Ба гуфтаи вазири дифои Миср, неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар айни замон бо чолишҳои хатарнок рӯ ба рӯ буда, дар баробари ин ки онҳо набояд бо шаҳрвандон бархурд кунанд, вазифадор ҳастанд, ки аз ҳаққи баргузории тазоҳуроти мусоламатомез муҳофизат кунанд.