Ҳомид Карзай бо Толибон мусолиҳа мекунад
Раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, музокирот дар мавриди оташбас бо намояндагони ҳаракати Толибон бояд, бо ширкати мустақими мақомоти давлатии ин кишвар сурат бигирад.
Бино ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, ҷаноби Карзай афзуда, ки гуфтушуниди ғайрирасмии Амрико ва Толибон, ки моҳи марти соли гузашта оғоз гардида буд, бенатиҷа ба поён расида буд. Зеро ба қавли номбурда, Толибон аз қатъи гуфтушуниди худ бо Вашингтон дар нимаи моҳи мазкур хабар дода, мавқеи музокиракунандагони амрикоиро аз ҳад зиёд норавшан эълон намуда буданд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти амрикоӣ аз омодагии хеш барои идомаи музокирот бо ҳаракати Толибон ба хотири фароҳам сохтани гуфтугӯи дохилии Афғонистон хабар медиҳанд.