Боздошти қочоқчӣ бо ҷурми нашъаҷаллобӣ ва даст доштан дар ҳалокати як одам
Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Рудакӣ Саидакрам Маҳмудови 38-сола дастгир карда шуд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, зимни амалиёти маълум гардид, ки Мирзоҳаёт Шарипов ва Саидакрам Маҳмудов, сокинони деҳаи Моинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 23-юми декабри соли 2012 бо маслиҳати пешакӣ бо Раҳматулло Ёқубов, сокини деҳаи Моинкаҷ, барои интиқол додани маводи нашъадори сахттаъсири ҳероин ба Федератсияи Русия ба ӯ 72 адад ғилофакҳоро (ҷамъ 324 грамм) хӯронидаанд. Худи ҳамон рӯз саломатии Раҳматулло Ёқубов вазнин шуда, тахминан соати 20:55 дақиқа ҳангоми интиқол ёфтанаш ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Феълан, Саидакрам Маҳмудов боздошт шудааст ва ҳаммаслаки ӯ, Мирзоҳаёт Шарипов дар кофтуков қарор дорад. Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи тафтишотии ШКД дар ноҳияи Рӯдакӣ-2 парванди ҷиноӣ мутобиқи моддаи 200, қисми 3 бандҳои «в», «г» оғоз гардида, тафтишот идома дорад.