Раиси «Амонатбонк» бо сарвари Шӯрои директорони Бонки давлатии рушди Хитой вохурд
Гурӯҳи кории «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси раёсат Гулнора Ҳасанова дар давлати мардумии Чин қарор дорад.
Тавре аз дафтари матбуотии ин бонк ба Озодагон иттилоъ доданд, имрӯз, 29-уми январ дар Маркази таълимии Бонки давлатии рушди Хитой дар шаҳри Саня вохӯрии бону Ҳасанова ва раиси Шӯрои директорони Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Чен Юан баргузор гардид. Дар мулоқот аз татбиқи лоиҳаҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна ва қарзҳо барои манотиқи кӯҳистон аз ҷониби филиалҳои «Амонатбонк» қаноатмандии роҳбарияти Бонки давлатии рушди Хитой иброз гардид.
Ҳамзамон, дар ин нишаст муҳимияти сохтмони фабрикаи коркарди нахи пахта то маҳсулоти охирин бо истифода аз технологияи муосирро ба саҳми роҳбарияти Бонки давлатии рушди Хитой қайд гардида, иброз шуд, ки ин иқдом аз ҷониби Хитой дастгирӣ ёфт.
Дар мавриди омода намудани матахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва қарз «Амонатбонк» бо БДРХ собиқаи зиёда аз 5- сола дорад. Ҷониби Бонки давлатии рушди Хитой ин масъаларо низ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии ҳамешагии худро изҳор намуд.