Фиристодаи вижаи НАТО ба Душанбе ташриф меорад
Як корманди баландмақоми Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) қарор аст, имрӯз вориди Тоҷикистон шавад.
Тибқи иттилои расида, Ҷеймс Аппатурай, фиристодаи вижаи ин созмон барои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба Душанбе омада, бо роҳбарони ҳукумат ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки ҷаноби Аппатурай, рӯзҳои 22 ва 23 июн аз пойтахти кишвар дидан кунад, ҳамчунин оид ба вазъи Афғонистону роҳҳои расидан ба мусолиҳа дар он кишварро низ бо мақомоти Тоҷикистон мавриди баррасии қарор диҳад. {jathumbnail off}