Норасоии оби тозаи ошомиданӣ, вайрону валангор гаштани роҳҳои нақлиётгард, таъмирталабии қубурҳои обгузар дар биноҳои баландошёна
аз мушкилоти асосии ноҳияи Фархор маҳсуб мегарданд. Аз ин рӯ райиси феълии ноҳияи мазкур, Қурбонбой Каримов тасмим гирифтааст, ки аз буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ барои тармиму таъмири роҳҳои ноҳия ҷудо кунад. Зимни сӯҳбат бо «Озодагон» ҷаноби райис афзуд: «Дар ҳоли ҳозир ҷониби мо бо идораи роҳсозии шаҳри Кӯлоб дар мавриди коркарду таъмини муми гарм барои барқарорсозии роҳҳои мошингард ба имзо расонидаем. Кӯшиши он дорем то рӯзи ҷашни 20-солагии истиқлолияти кишвар таъмири роҳҳоро пурра ба анҷом расонем. Барои ин нақшаҳо тайёранд ва маблағ ҳам мерасад». Каримов афзуд, дар муддати кӯтоҳтарин сокинони ноҳия, ба хусус маркази ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намуда, ҳамчунин қубурҳои канализатсиониро барои биноҳои баландошёна дар маркази ноҳия таъмиру аз нав барқарор менамоянд.
Бойиси хурсандист, дар ҳамаи вилояти Хатлон барои нахустин маротиба аст, ки маблағи зиёди пулӣ аз буҷаи маҳаллӣ барои таъмири роҳ пешбинӣ мешуда бошад.