Зимнан, аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақавӣ (МНДСЭ) ба «Озодагон» гуфтанд, 895-нафар одамон барои муолиҷа гирифтан баъди газидани сагони дайду ба беморхонаҳои шаҳру навоҳӣ муроҷиат кардаанд. Шумораи осебдидагон аз захми сагони дайду дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 120-нафарро ташкил медиҳад. Хушбахтона, ягон нафар баъди ярадор гаштан аз газидани сагон, ба касалии ҳорӣ мубтало нагаштааст.
Бино ба иттилоъ, захмхӯрдагон ба хусус дар навоҳии Восеву Данғара, Ҳамадониву Фархор ва шаҳри Кӯлоб зиёд ба қайд гирифта шудаанд.
Саид Аламов, директори МНДСЭ-и минтақавӣ мегӯяд, «бо иллати камбуди позаҳр бар зидди бемории ҳорӣ, қисмати зиёди осебдидагон иҷборан аз ҳисоби худашон табобат мегиранд. Агарчӣ дар ҳамаи беморхонаҳои шаҳру навоҳии минтақа эми зидди ҳорӣ ройгон тақсим карда мешавад, вале он ҳанӯз басанда нест». Ба андешаи ӯ, 1-қуттӣ эми зидди ҳорӣ 280-300-сомонӣ қиммат доштааст ва зӯри буҷаи давлат ҳам ба харидории зиёди он намерасад.
Гуфта мешавад, бемории ҳорӣ маризии ниҳоят хатарнок буда, он усулан миёни ҳаявони бесоҳибу дайду зиёд ба мушоҳида мерасад. Ба иқрори мутахассисон, шахси баъди захмин гаштан аз инчунин ҳайвон, ба ин беморӣ сироят гашта, дар кӯтоҳтарин муддат ба ҳалокат мерасад. Ҳайвони ҳорӣ ҳам ҳамагӣ 40-рӯз баъди мариз гаштан, ҳалок мегардад.{jathumbnail off}