Устоҳои сангтарош барои кор дар Русия ва ҳар кишвари дигар омодаанд
Маркази омӯзишии кумитаи имдоди Имом Хумайниро аввалин гурӯҳ аз ҷавонони вилояти Суғд дар риштаҳои кор бо сангҳои зинатӣ, ҷушкорӣ ва лӯлакашии сохтмон хатм намуданд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, барои таълими ҷавонон дар риштаи тароши сангҳои нима қиматӣ устоди ботаҷриба Ялло Нуруллоев аз устони Бадахшон даъват шуд ва тавонист дар муддати се моҳ на фақат ба 30 нафар аз ҷавонон ҳунари кор бо сангро биомӯзонад, балки теъдоде аз онҳоро ба унвони устод тарбият намуд, ки акнун ба дигарон ин ҳунари суннатиро омӯзиш медиҳанд.
Дар маросими вижае, ки рӯзи 26-уми январ ба муносибати поёни давраҳои омӯзиши ҷушкорӣ ва лулакашӣ доир гардид, ба 90 нафар аз писарон гувоҳномаҳо тақдим шуд.Ин гувоҳиномаҳо аз эътибори байналмилалӣ бархӯрдоранд ва моликони онҳо метавонанд дар ҳар минтақае аз Русия ба унвони ҷушкор ва ё лӯлакаш ба кор пазируфта шаванд.