91 нафар хатмкунандагони макотиби Данғара дар Аврупо мехонанд
Данғара дар андешаи сохтмони корхонаҳое аст, ки рақобатпазири корхонаҳои ҷаҳонӣ бошад.
Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара мегӯяд, «чӣ лозиманд корхонаҳои зиёди хурду камистеҳсоле, ки маҳсулоти истеҳсолиашон ҳатто дар бозорҳои маҳаллӣ харидор надоранд?»
Номбурда гуфт, ҳоло корхонаҳое бояд сохт, ки рақобатпазири корхонаҳои ҷаҳонӣ бошанд. Ба андешаи ӯ, барои ба ин ният расидан пеш аз ҳама мутахассисони арзандаву соҳавӣ бояд тайёр кард. «Ҷавононро ба кишварҳои тараққикарда ба хондан фиристодан зарур аст. То дар оянда, мутахассисони соҳавӣ бо назару дониши васеъи технологии замонавӣ дар рушди кишвар хизматгузор гарданд. То эҳтиёҷ ба маҳсулоти хориҷӣ намонад».
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, соли гузашта 91 нафар аз ҷавонони ноҳия баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо дохил шуда, ҳоло дар он ҷо таҳсил доранд.