Манбаъ афзуд, моҳи августи соли 2010 ҳайати кормандони ширкати филмсозии “N.S. Films” иборат аз 6 нафар таҳти роҳбарии продюссер Нилуфар Шама ба Тоҷикистон ба муддати 2 ҳафта сафари корӣ ба анҷом расониданд. Ҳайати эҷодии “N.S. Films” аз чанд шаҳрҳои ҷумҳурӣ дидан намуда, ҷойҳои таърихӣ ва табиати зебои Тоҷикистонро ба навор гирифтанд.
Маврид ба ёдоварист, Нилуфар Шама, продюссери ширкати мазкур ҳамон вақт бо роҳбарияти кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ оид ба наворгирии 5 филми мустанад дар бораи муаррифии ҷумҳурии моро ба имзо расонида буданд.{jathumbnail off}