Урдуғон чаҳор тан аз вазирони худро аз симаташон барканор кард
Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, оқои Раҷаб Тайиб Урдуғон рӯзи 24-уми январ, зимни дидори худ бо Абдуллоҳ Гул, раисҷумҳури Туркия аз барканории вазири умури дохила, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ хабар дода, номҳои вузарои нав, ки ба ҷои онҳо таъйин карда шудаанд, эълон намудааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл расонаҳои ин кишвар аз тағйирот дар кобинаи вазирони Туркия ба иллати норизоии Урдуғон аз амалкарди бархе вазирон хабар дода буданд.
Гуфтанист, бар асоси қавонин ва муқаррароти Туркия, тағйироти вузаро дар кобина бо тасмими нахуствазир ва таъйиди раисҷумҳур имконпазир мебошад.