Кӯлоб: Танҳо троллейбус метавонад мушкили сокинонро осон намояд
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим дорад, дар шаҳр хати тролейбусро фаъол сохта, ҳаракати онро ба роҳ монад.
Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб гуфт, яке аз мушкилоти умдаи шаҳрдорӣ ин камбуди нақлиёти мусофирбар дар ҳудуди шаҳр мебошад. «Ҳарчанд нақлиёти хусусӣ, таксиву тангемҳо дар ин самт фаъоланд, вале он барои кулли сокинону меҳмонон басанда нест.Мушкили сокинонро танҳо нақлиёти ҳаҷман бузургтар, аммо арзон бароварда месозад. Дар ин маврид троллейбус метавонад, мушкилро осон намояд».
Ҳамин тавр, шаҳрдорӣ ба нақша гирифтааст, ки аз даромадгоҳи шаҳр, миёни кӯчаи марказӣ то охири шаҳр, ки роҳи росту камгардиш аст, хати сайри ин нақлиётро бунёд кунад.Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, лоиҳаи ин нақша ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гаштааст ва эҳтимоли тасдиқро низ дорад.
Кӯлоб севвумин шаҳри бузурги ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳр яке аз проблемаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Нақлиёти давлативу ҷамъиятӣ бо иллати гаронии сӯзишворӣ имкони хизматрасониро тақрибан аз даст додаанд.