Саҳюнистҳо барои афзоиши фишор бар Эрон саъй доранд
Саҳюнизми байналмилал барномарезиҳои густардаеро барои манофеи мавриди назари худ дар чаҳорчӯби расонаҳои мухталиф барои афзоиши фишорҳо бар Эрон дар дасти иҷро дорад.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", созмонҳои саҳюнистӣ кишварҳои мухталифро таҳти фишор қарор додаанд, то монеи пахши барномаҳои моҳвораии Эрон шаванд.
Кумитаи яҳудиёни Амрико ба унвони яке аз муҳимтарин лоббиҳои саҳюнистии ҷаҳон, аз давлати Испания барои мамониат аз пахши барномаҳои моҳвораии Эрон қадрдонӣ кард. Ин созмони муҳими саҳюнистӣ, ки аз он ба унвони бозуи дипломатии байналмилалии режими саҳюнистӣи ёд мекунанд, дар гузориши худ навишт: “Кумитаи яҳудиёни Амрико аз Испания барои мамониат аз пахши барномаҳои моҳвораии Эрон ва қатъи каналҳои "Ҳиспон Ти Ви" ва "Перес Ти Ви" самимона қадрдонӣ мекунад.
Девид Ҳерис, мудири умури дохилии иҷроии ин созмони саҳюнистӣ, изҳор дошт: "Ин тасмим ҳосили моҳҳо баҳси гуфтугӯи мо бо дӯстонамон дар Испания аст ва як гоми муҳим дар муваффақиятҳои ҷомиаи ҷаҳонӣ барои маҳори режими Эрон тавсиф мешавад."