Британия Исроилро дар феҳристи поймолкунандагони ҳуқуқи башар қарор дод
Тибқи гузориши расонаҳои хориҷӣ, Вазорати умури хориҷаи Британия чанде қабл дар гузориши худ, ки тайи ҳар фасли сол мунташир менамояд, Исроилро аз зумраи 28 кишвари ноқизони ҳуқуқи башар ном гирифтааст.
Бар асоси ин гузориш, далели ба ин радабандӣ дохил шудани Исроил бомбаборони моҳи ноябри соли гузаштаи он ба навори Ғазза ва тасмимаш ба густариши шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарӣ мебошад.
Ёдрас мерамоем, ки пас аз иртиқои мавқеи Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид ва мухолафатҳои байналмилалӣ Исроил сиёсати шаҳраксозии худро шиддат бахшидааст.