Ҳамлаи "дарранда - вампир" ба ҳайвонот. Дар Масчо
Дар ин рӯзҳои сарди зимистон пайдоиши як даррандаи ношинохта қисми зиёде аз мардуми ҷамоаи "Масчо"- и ноҳияи Масчоро нигарон кардааст.
Тайи чанд рӯз аст, ки ҳар субҳ хабари наве аз ҳамлаи як дарранда ба ҳайвоноти хонагӣ аз ин ё он хоҷагии минтақа пахш мешавад. Ин дарранда ба оғили сокинон даромада ба ҳайвонот ҳамла мекунад ва хусусияташ он аст, ки фақат сари ҳайвонро мехӯрад ва хуни онҳоро меошомад. Ин дарранда - вампир асосан ба гӯсфандон ҳамла мекунад. То ин дам наздик ба 20 хонавода аз ҳамлаи ин дарранда зарар дидаанд ва беш аз 20 ҳайвони хонагӣ, ки аксари онҳо гӯсфанд аст, талаф шудаанд. Ҳанӯз касе натавонистааст ин даррандаро бубинад ва мардум тахмин мекунанд, ки эҳтимолан гург бошад. Агарчӣ гурӯҳе аз ҷавонон талош доранд ин "меҳмони нохонда"-ро "истиқбол" гиранд, аммо ҳамчунон нокоманд, зеро доираи фаъолияти он хеле густарда аст ва агар як шаб ба хоҷагии "Сомониён" ҳамла кунад, шаби дигар "меҳмон"-и хоҷагии "Зарафшон" аст.
Абдуллоҷон Набиев, омӯзгори бособиқа дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, хусусияти ин ҳайвон ба гург монанд аст, яъне фақат дами субҳ пайдо мешавад ва ин ҳамон лаҳзаест, ки сагҳо маъмулан мехобанд: “Эҳтимолан, ин дарранда ҳосили омезише аз саг ва гург бошад, яъне гурге ва саге аз ҷинсҳои мухолиф ба ҳам наздик шудаанд ва ин ҷонвар пайдо шудааст”.
Нуктаи чолиб он аст, ки ҳеҷ саге ёрои руёруӣ бо "вампир"-ро надорад.То ҳол фақат як модасаг дар дифоъ аз насли худ бо ин дарранда даргир шудааст, аммо мағлуб шуда ва “дарранда-вампир” сари ҳамаи сагбачаҳоро аз тан ҷудо кардааст.