Сарони кишварҳои иштирокчӣ афзудаанд, мо бо сипосгузорӣ аз саҳми кишварҳои иттифоқи зиддигитлерӣ ва муборизони зиддифашистии дигар давлатҳо ёдовар шуда, ҳеч гоҳ қурбониёнеро, ки онҳо ба Ғалабаи умумӣ оварданд, фаромӯш нахоҳем кард. Солгарди 70-уми оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин фоҷиа ҳеҷ гоҳ набояд такрор шавад ва ба ҳар таҷовузкор ногузир ҷазои мунсифона дода мешавад. Мо, сарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муттаҳидсозии талошҳо дар самти сохтмону таҳкими сулҳ бидуни ҷанг, муноқиша ва зулм дар асоси ҳадафу принсипҳои наҷибонаи Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид баҳри некӯаҳволӣ ва ободонии ҳамаи халқҳо ва давлатҳо даъват ба амал меорем.
Ёдрас менамоем, маҳз 70 сол муқаддам дар ҳамин рӯз Адолф Ҳитлер, сарвари Олмони фашистӣ ба артиши натсистиаш аҳдшиканона ба СССР ҳуҷум кард.Ин ҷанги хонумонсӯз риштаи ҷони беш аз 27 миллион нафар шаҳрвандони советиро канда, 9-майи соли 1945 пас аз 1418 шабонарӯз бо пирӯзии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом пазируфт.Маврид ба тазаккур аст, ки дар набардҳои ин ҷабҳа 300 ҳазор фиристодагон аз Тоҷикистон низ ширкат доштанд, ки аз нисф зиёди онҳо ба таври абадӣ дар корзор монданд. 55 нафар фарзандони шарифи миллат унвонии олии Қаҳрамони Иттифоқи Советиро шарафёб гардида, 70 ҳазори дигар бо нишону медал ва ифтихорномаҳои роҳбарияти вақти шӯравӣ сарфароз шуданд.{jathumbnail off}