Президенти Амрико Натаняҳуро табрик накард. Чаро?
Амрико аз табрик намудани Бенямин Натаняҳу ба хотири пирӯзии кучакаш дар интихоботи парлумонии Исроил худдорӣ варзида, онро ба саҳюнистҳо муборакбод намуд.
Бино ба гузориши расонаи хабарии “Умеди Ватан”, Қасри Сафед бо судури баёнияе баргузории интихоботи парлумониро ба мардуми Исроил табрик гуфта, бидуни ҳеч гуна ишорае ба пирӯзии Натаняҳу гуфта, ки қарор аст, Борак Обама, раисҷумҳури Амрико ба зудӣ бо Бенямин Натаняҳу тамос бигирад.
Дар ин баёния омадааст, ки интизор меравад, раисҷумҳури Амрико зимни тамоси телефонии худ бо Натаняҳу ба аз саргирии музокироти мустақими сулҳ миёни Фаластин ва Исроил таъкид намояд.
Инчунин хотирнишон шудааст, ки музокироти мустақим миёни ду тараф бояд оғоз гардад, то мавзӯи роҳкори ҳалли ду давлат, ки барои тамомияти фаластиниҳо муттааллиқ аст, баррасӣ шуда, мавриди иҷро қарор гирад.