Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бутан баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, баёнияи муштаракро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва намояндаи доимии Шоҳигарии Бутан дар СММ Лату Вангчук имзо намуданд.
Гуфта мешавад, пас аз маросими мазкур сафирони Тоҷикистону Бутан дар мавриди масъалаҳои барқарорсозӣ ва густариши муносибатҳои дустӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду кишвар, инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор намуданд.