Вазорати маориф боз дар рӯйхати «сиёҳ» қарор гирифт
Фаттоҳ Саидов, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон вазорату идораҳои давлатиеро, ки кормандонаш даст ба амалҳои коррупсионӣ задаанд, номбар кард.
Номбурда имрӯз, 25-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт, ки дар пайи амалиёти ин агентӣ аз тарафи шахсони мансабдор ва хизматчиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соли гузашта ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор гардид.
Директори агентии мазкур қайд намуд, аз ҷумла дар соҳаи бонкӣ 57 адад, дар сохторҳои Вазорати маориф 81 адад, ВКД 53, Вазорати кишоварзӣ 45, мелиоратсия, заминсозӣ ва геодезӣ 29 адад амалҳои хислати коррупсионидошта ошкор шудааст.
Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон низ даст задан ба амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандонаш вуҷуд доштааст, ки ба қавли Фаттоҳ Саидов дар ин ниҳод 26 адад амалҳои коррупсионӣ ошкор шуд.
Гуфта мешавад, дар давраи ҳисоботӣ даст задан ба амалҳои коррупсионӣ дар Вазорати мудофиа 23 адад, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 21, Вазорати адлия 19, Кумитаи андоз 18 адад, Хадомоти гумрук 12, Кумитаи муҳити зист 8 ададро ташкил додааст.
Амалҳои хислати коррупсионидошта дар соли гузашта миёни кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон 8 адад, агентии коррупсия 4 то, Тоҷикстандарт 3 , Шӯрои адлия ва мақомоти судӣ 3 то ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 3 адад ба қайд гирифта шудааст.