Журналист: Шикояти Кумитаи дини Тоҷикистон сохта мебошад
Амруллоҳи Низом, хабарнигори Оҷонсии иттилоотии "Тоҷнюс" дар ин бора имрӯз, 24-уми январ, пас аз мурофеаи нахустини додгоҳиаш зимни сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” иброз намуд.
Оқои Низом мегӯяд, агар он сабти видеоиеро, ки онҳо пешниҳод намуда истодаанд, якҷоя бубинем ба вузуҳ метавон дарк кард, ки ҳамон рӯз кӣ киро асабонӣ кардааст: “Инҳо дар ҳоле чунин карда истодаанд, ки худи онҳо барои гирифтани иттилоъ монеа эҷод кардаанд ва ҳам рӯзноманигорро тӯҳмат менамоянд, ки гӯё тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаам. Ман ин ҳамаро тӯҳмат сохта ва бӯҳтон дар ҳаққи худ меҳисобам”.
Ба қавли номбурда, ӯро тибқи моддаи 460, Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам карда истодаанд, яъне Амруллоҳи Низом дар ҳамон рӯз тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ба кормандони Кумитаи дин ҳақоратро раво донистааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи дин аз ироаи шарҳу тафсилот худдорӣ намуда, худро на ҷониби даъвогар, балки иштирокчии озод ба хабарнигорон шиносоӣ намуданд.
Гуфтанист, имрӯз аввалин ҷаласаи мурофиавӣ буд, аммо дар он намояндаи Амруллоҳи Низом, ки мехост ҳамчун вакили мудофеъ ширкат намояд, ҳаққи иштирокро пайдо карда натавонист.
-Аз ин рӯ, ҷаласа ба поён нарасида, қатъ карда шуд ва он то рӯзи сешанбеи оянда (29-уми январи соли 2013) ба таъвиқ андохта шуд,-афзуд Амруллоҳи Низом.
Ёдрас менамоем, Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи хабарнигори "Тоҷнюс" ба догоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст, ки гӯё журналист унвонии кормандони ин ниҳод дашном додааст.