Total ва AREBA ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд
Дар ин бора зимни мулоқоти сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар кишвар қайд гардид.
Тавре аз ин ниҳод ба Озодагон иттилоъ доданд, рӯзи гузаштаи 23-юми январ, Азим Иброҳим, сардори Саридораи геологияи кишвар Дидйе Леруа, сафири Фаронса дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт: «Ин мулоқот бо дархости сафири Фаронса баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима шуданд».
Ҳамзамон, сафири Фаронса иброз дошт, ки бисёр ширкатҳои фаронсавӣ, аз ҷумла ширкати «AREBA» ва «Total» ба соҳаи геологияи Тоҷикистон сармоягузорӣ карданианд.Дар поёни нишаст Азим Иброҳим оид ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои фаронсавӣ дар соҳаи геология изҳори омодагӣ намуда ва аз таваҷҷӯҳи ин ду ширкат, ки минбаъд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, қаноатмандии хешро иброз дошт.