Йозеф Блаттер ба Тоҷикистон меояд
Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петурбурги Русия бо президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) мулоқот кард.
Тибқи иттилои ФФТ, дар чорчӯби мусобиқоти «Ҷоми Иттиҳод» оид ба футбол дар Санкт-Петербург мулоқоти анъанавии президенти ФИФА бо мақомоти раҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ мавқеи ҷонибдории ФФТ аз фаъолияти ФИФА, ташаббусу тадбирҳои он барои рушди футбол дар саросари ҷаҳонро изҳор дошта, аз президенти ФИФА даъват ба амал овардааст, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Ҳамзамон, дар ин нишаст ба ҷуз Блаттер, директори ФИФА оид ба ассостсиатсияҳои миллӣ Терри Реженанс, менеҷер оид ба рушд Ева Паске ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирдавс Файзуллоев низ ширкат доштанд.