Рақобати ҳазору 425 номзад дар интихоботи парлумонии Урдун
Субҳи имрӯз дар Урдун 17-умин интихоботи парлумонии ин кишвар бо вуҷуди мухолафати тазоҳургарон оғоз гардид.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” ба нақл аз “ал-Манор”, интихоботи парлумонии Урдун, ки қарор аст, аз соати 7-и субҳ то 7-и бегоҳ ба вақти маҳаллӣ идома ёбад, зиёда аз 2 миллиону 300 нафар шаҳрвандони ин кишвар дар он ширкат хоҳанд кард.
Бар асоси ин гузориш, дар ин интихобот, ки ҳазору 425 номзад, барои ба даст овардани курсӣ миёни ҳамдигар дар рақобат хоҳанд буд, аз ин нишондод 191 нафар зан мебошад.
Бояд гуфт, интихоботи парлумонии Урдун дар ҳоле баргузор мешавад, ки ин кишвар дар шароити вазнини иқтисодӣ қарор дошта, бо камбуди буҷаи 1, 8 миллиард дорлари амрикоӣ рӯ ба рӯ мебошад.
Ёдрас менамоем, Урдун аз январи соли 2011 шоҳиди тазоҳурот ва эътирозҳои густардаи мардумӣ буда, тазоҳуркунандагон хостори ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ва мубориза алайҳи фасод мебошанд.