Дар ин бора ба хабарнигори «Озодагон» Саид Аламов, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии гурўҳи шаҳру навоҳии Кўлоб хабар дод. Гуфта мешавад, фавтидагон дар яке аз мавзеҳои дашти Олимтой, дар як хона гирифтори ин беморӣ гаштаву баъдан ба ҳалокат расидаанд. Бино ба иттилоъ, як сокини ноҳияи Данғара барои меҳмонӣ ба хонаи хешовандонаш ба як рустои Олимтой, ки муттаалиқ ба ноҳияи Мӯъминобод будааст, рафта, он ҷо дар манзили зисти эшон, ӯ ва соҳиби хонаро канаи заҳрдор неш мезанад. Дар беморхонаи ноҳияи Данғара табибон ҳарчанд кӯшиш кардаанд, вале ҳар ду бемор ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Аламов, соли гузашта низ 2-тан аз сокинони ноҳияи Кӯлоб баъди газидани канаи заҳрдор гирифтор ба ин беморӣ гашта буданд. Вале баъди сари вақт бистарӣ намудани эшон дар беморхонаи сироятии шаҳр, ҳар ду бемор ҳам табобат ёфтаанд. {jathumbnail off}