Натаняҳу шаҳраксозиро дар соҳили ғарбии Урдун идома доданист
Нахуствазири Исроил мегўяд, дар сурати пирӯзии дуборааш дар интихоботи парлумонӣ ба шаҳраксозии худ дар заминҳои ишғолӣ идома хоҳад дод.
Бино ба гузориши расонаи хабарии “ал-Арабия”, Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил зимни изҳороти қабл аз интихоботии худ, гуфта, ки худи ӯ за зумраи ҳимоятгарони сиёсати густариши шаҳраксозӣ буда, дар сурати даст боло шуданаш дар интихобот шаҳракҳои яҳудинишини соҳили ғарбии руди Урдунро тахлия нахоҳад кард.
Инчунин номбурда бо ишора бар ин ки барои ҳамагон равшан аст, шаҳракҳои исроилӣ дар кучое набошанд, қисмате аз ин кишварро ташкил медиҳанд афзудааст: “Қасд дорам барои тавсеаи шаҳраксозӣ дар бархе аз шаҳракҳои яҳудинишини соҳили ғарбӣ иҷозае содир намоям”.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Вазорати маскани Исроил аз мавриди баррасӣ қарор ги- рифтани 198 тарҳи нави шаҳраксозӣ дар соҳили ғарбӣ хабар дода буд.