Боздошти як сокини пойтахт бо ҷурми дуздии 3000 сомонӣ
3000 сомонӣ дар бозори мавсуф ба «Афғонҳо» рабуда шудааст.
Тибқи иттилои ВКД дар ин бора аризаи шаҳрванд Наим Пиров, сокини кӯчаи Беҳзод хонаи 2-и пойтахт ворид гардидааст, ки номбурда дар бозори «Деҳқон» ба фаъолияти тоҷирӣ машғул аст. Ду рӯз қабл аз ин, тахминан соатҳои 09-20 дақиқа шахсони номаълум ба тариқи пинҳонӣ аз дохили нақлиёти «КамАз» 3000 сомонии нақдро дуздидаанд.Гуфта мешавад, автомашинаи мазкур дар таваққуфгоҳи бозори «Афғонҳо»-и маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ нигаҳдорӣ мешуд.Зимни баргузории амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ Исфандиёр Акрамови 18-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Нахимови ноҳияи Сино боздошт гардид.Далели шайъӣ гирифта шуда, таҳқиқоти қазия идома дорад.{jathumbnail off}