Парламенти Тоҷикистон масъалаи тамокуро ба баррасӣ мегирад
Таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон иттилоъ доданд, дар он масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид. Инчунин, дар ҷаласаи Шўро лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аснои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» таъкид гардид, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур таъмин ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку мебошад.