Ирсоли кӯмакҳои моддӣ ба оилаи хабарнигор Маҳмадюсуф Исмоилов идома дорад.
Зимнан, Анҷумани рӯзноманигорони «Медиа-Алянси Тоҷикистон» (МАТ) ба даъвати НАНСМИТ барои кўмаки моддӣ ба аъзои оилаи журналисти боздоштшуда дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ҳамроҳ гардида, ҷамъулҷамъ ба оилаи вай 1050 сомонӣ кўмак намуд. Дабири кулли МАТ Хуршеди Атовулло (Ниёзов) дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, субҳи имрўз 600 сомонии дигар барои интиқол ба оилаи Исмоилов аз ҳисоби аъзои МАТ ҷамъоварӣ гардид. Як рӯз қабл аз ин ҳафтаномаи «Фараж», ки аз аъзои фаъоли МАТ аст, 250 сомонӣ ба ҳамсари журналист расонид ва 200 сомонии дигар хабарнигори он Раҳима Аъзамзода дар ин маърака саҳмгузорӣ намуд. Маблағи умумии ҷамъовардашуда 1050 сомониро ташкил медиҳад»-зикр намуд Хуршед Ниёзов.
Бояд гуфт, ки МАТ аз созмонҳои фаъоли журналистии кишвар буда, васоити ахбори оммаи маъруферо мисоли симои мустақили Тоҷикистон (СМТ), радиёи «Ватан», хабаргузории «Авасто», ТҶ «Даст ба даст», нашрияҳои «Фараж», «Бизнес и политика», «Факты и коментарии», «Вечёрка», «Курер Таджикистана», «Ману ту» ва журналистони алоҳидаро дарбар мегирад.
Ёдрас менамоем, Муҳаммадюсуф Исмоилов хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ» дар вилояти Суғд ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низои миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанўз моҳи ноябри соли 2010 баъди нашри маводи интиқодӣ нисбати мансабдорони ноҳияи Ашт боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебарад.{jathumbnail off}