Ришвадиҳӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва азхудкунии моликияти давлатӣ вакили маҷлисро аз мандаташ маҳрум кард.
Тавре райиси ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон- Амирхон Икромов ба хабарнигори «Озодагон» дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ дод, бо ҷурми мазкур сардори шӯъбаи тандурустии ноҳия Бегмат Кӯлобиев боздошт ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Дар робита ба ин қазия, рӯзи 5-уми май намояндагони маҷлиси маҳаллӣ маҷлиси ғайринавбатӣ даъват намуданд. Дар он танҳо як масъала, аз дахлнопазирии намояндаи мардумӣ дар маҷлиси маҳаллӣ маҳрум кардани Кӯлобиев дида баромада шуд. Аз 30-нафар намояндагони мардумӣ дар маҷлиси ноҳиявӣ 26-нафар иштирок намуда, бо тарафдории беш аз 50-фисади намояндагон дахлнопазирии ӯ бартараф гардонида шуд. Ҳамзамон, дар маҷлиси ғайринавбатии намояндагони мардумӣ кормандони мақомоти прокуратураи ноҳия ва минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Маврид ба ёдоварист, ду сол қабл аз ин, намояндагони мардумӣ дар маҷлиси маҳаллии навоҳии Муъминободу Фархор ва шаҳри Кӯлоб аз дахлнопазирии ҳамтоҳои худ, ки низ бо ҷурми қонуншиканӣ аз ҷониби прокуратураи ин навоҳӣ боздошт гашта буданд, муддати зиёд пуштибонӣ намуда буданд.