Ҳушдори вазир аз қонунвайронкуниҳои ҳисоби нафақа
Дар Тоҷикистон маблағи нафақаи миёна барои нафақахурон дар соли гузашта ба 180, 1 сомонӣ ва нафақаи аз ҳама баланд ба 20 000 сомонӣ расид, ки ин нишондод нисбати соли 2011-ум 18, 5% афзудааст.
Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, феълан дар кишвар теъдоди умумии нафақагирон 596 ҳазору 285 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 3 нафараш нафақаи сатҳи баланд, яъне 20 000 ҳазор сомонӣ мегиранд.
Ба қавли номбурда талабот барои пардохти нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо дар ин давра 1 миллиарду 321 миллиону 309 ҳазор сомонӣ буда, аз ҷониби вазорат пурра маблағгузорӣ карда шуд: “Зимни амалиёт дар ин давра 780 ҳолат ба масъалаҳои нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд, ки чунин қонунвайрокуниҳо дар натиҷаи зиёд ҳисоб кардани нафақа ба амал омадааст.”
Маҳмадамин Маҳмадаминов мегӯяд, бархе аз кормандон худро маъюб гузарониданд ва ба ин васила то 10-12 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд, аммо афроде, ки воқеан маъюб ҳастанду ба маблағ ниёз доранд ҳатто 800 сомонӣ намегиран.