Омодагии Фаронса ба сармоягузорӣ дар бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН, Сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруаро ба ҳузур пазируфт.
Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон ба Озодагон иттилоъ дод, Зуҳуров бо хоҳиши дипломати фаронсавӣ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва табиқи раванди демократикунонии ҷомеъа маълумоти мукаммал дод. Райиси парлумон иброз дошт, ки моҳи октябри соли гузашта МН протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро тасдиқ кард: «Фаронса яке аз он давлатҳои аврупоист, ки соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва то ба имрўз муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ густариш меёбанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки Вазорати мудофиаи Фаронса маблағгузории сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчерӣ, ки дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд карда мешавад, ба ӯҳда гирифтааст.
Дар нишасти мазкур Дидйе Леруа иброз дошт, ки Тоҷикистон метавонад дар заминаҳои ҷалби сармояи Фаронса ба соҳаҳои гидроэнергетика, электротехникӣ, кишоварзӣ, туризм, коркарди захираҳои маъдании кишвар бо Фаронса ҳамкорӣ дошта бошад.
Маврид ба ёдоварист, дар чорчӯби муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Фаронса 12 ҳуҷҷат имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро ташкил медиҳанд.