Боксчиёни тоҷик ба Қирғизистон сафар мекунанд
Рӯзҳои 26-27-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои поси хотираи устоди варзиши Қирғизистон Шапаков доир мегардад.
Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар қатори кишварҳои даъватгардида тими мунтахаби Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа ширкат меварзанд.
Дар мусобиқаи мазкур аз кишвар нафарони зерин-Миралии Нурализод дар вазни 52 кило, Ораз Афзалшоев дар вазни 56 кило, Пираков Муъминҷон ва Мухторов дар вазни 60 кило, Назир дар вазни 64 кило, Назаров Собирҷон дар вазни 75 кило (Иштирокчии Бозиҳои олимпии Лондон-2012) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.