Қосим Қосимов: Барои рушди харгӯшпарварӣ дастгирии ВАО-ро интизорем
Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо барномаи давлатии харгӯшпарвариро омода намуда истодаанд ва ба наздики пешниҳоди ҳукумат мешавад.
Номбурда гуфт, албатта умед дорем, ки ин барнома аз ҷониби ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбад ва мо ҳар чӣ зудтар харгӯшпарвариро ривоҷ медиҳем: “ Мо дар ин ҷода ба дастгирии хабарнигоронрон ва воситаҳои ахбори омма ниёз дорем. Бисёр хуб мешуд, ки аз ҷиҳати идеологӣ ба мо кӯмак мекардед. Ба мардум мерасондед, ки гӯшти харгӯш хуроки парҳезӣ аст”.
Ҳамзамон, оқои Қосимов ба масъалаи моҳипарварӣ ишора намуда зикр кард, ки имрӯзҳо дар кишвар минтақаҳои моҳипарварӣ кам нестанд. Аммо ӯ гаронии нархи моҳиро дар ҷумҳурӣ ба гаронии арзиши қувваи барқ рабт дод: “Барои истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи моҳипарварӣ бештар қувваи барқ сарф мешавад ва ҳаққи қувваи барқ албатта гаронӣ мекунад. Барои ҳамин, нархи моҳӣ дар фурӯш ба 70-90 ва 100 сомонӣ мерасад. Аз ҳамин хотир, мо таклиф карда истодаем, ки ба ҳамин ҷода имтиёз дода шавад, вале мо намедонем, ки ин таклиф дар оянда дастгирӣ меёбад, ё не. Агар дар оянда имтиёз дода шавад, ин ҷода фоидаовартар мешавад ва соҳибкорон ҳам ба ин даст мезананд”